Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хост, шароит дар Бадахшон беҳтар шавад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба мақомоти расмӣ амр додааст, барои ободтар кардани шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки ин масъала рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи ҳукумат гузориш дар бораи вазъи ноҳияи Шуғнони Бадахшонро шунидаанд ва вазоратҳо дастур гирифтаанд, ки биноҳои маъмурии худро ҳарчӣ зудтар дар шаҳраки Ваҳдат бисозанд, ки дар оянда маркази ноҳияи Шуғнон хоҳад шуд. Чанде пеш дар Хоруғ маркази Бадахшон нерӯҳои интизомӣ ба зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ амалиёте анҷом доданд, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт ва боиси эътирози мардуми минтақа шуд. Ҷузъиёти бештар дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG