Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба Ромнӣ: Шумо ба интихоби ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳед шуд


Муборизаҳо дар интихоботи 6-уми ноябри раёсати ҷумҳурии Амрико ин ҳафта ба марҳилаи нав ворид мешавад.

Аз Ҳизби демократ Барак Обама бори дувум чун номзад дар интихобот ширкат меҷӯяд. Аммо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Мит Ромнӣ дар сафи пеши довталабони курсии раёсати ҷумҳурист ва ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи 6-уми ноябр рақиби Обама хоҳад буд. Дар интихоботи пешин дар соли 2008-ум низ Мит Ромнӣ худро аз ин ҳизб номзад пешбарӣ карда буд, вале мусобиқаҳои ҳизбиро ба Ҷон Мак Кейн бохт ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Рӯзи 14-уми августи соли ҷорӣ Барак Обама дар ҷараёни яке аз маъракаҳои интихоботиаш дар аёлати Айова хитоб ба Мит Ромнӣ ҳамон интихоботи соли 2008-умро ро ёдоварӣ намуд: Шумо моҳи ноябр ба интихоби ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳед шуд. Аз лиҳози баъзе вижагиҳо интихоботи кунунӣ ҳатто муҳимтар аз интихоботи соли 2008-ум хоҳад буд, зеро имкони беҳтаре нахоҳед дошт. Ин танҳо интихоби яке аз ду номзад нахоҳад буд, танҳо интихоби яке аз ин ду ҳизб нахоҳад буд, балки ин интихоби дидгоҳҳои комилан мухталиф аст, ки Амрико чӣ тарз ба кишвари бузург табдил ёфтааст ва чӣ тавр бояд бузург боқӣ бимонад.”

Барак Обама

Барак Обама

Бузургтарин дастоварди Мит Ромнӣ ислоҳот дар бахши беҳдошт будааст, ки дар солҳои раҳбариаш дар аёлати Массачусетс анҷом додаааст. Ӯ соли 2003-юм 70-умин волии ин вилоят интихоб шуд ва барномаи ислоҳот дар бахши беҳдошти аёлатро имзо кард. Барак Обама низ баъд аз интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар сиёсати миллии худ аз ин барнома ҳимоят кард ва ҳоло он дар Амрико ҷорӣ шудааст.

Аммо Мит Ромнӣ бо ишора ба сарчашмаҳои молии ин барнома аз Барак Обама интиқод кард ва гуфт: “Вай аз пулҳои амонатии Ҳифзи беҳдошт 716 миллиард доллар гирифт. Вай ин сармояҳоро тохту тоз кард. Онро барои Obamacare ё ҳифзи Обама сарф кард, бидуни он ки ҳукумати федеролӣ онро бар ӯҳда бигирад. Агар ман раисиҷумҳур интихоб шавам, ин 716 миллиард долларро ба ҷояш бармегардонам.”

Дар шарҳи ҳоли Мит Ромнӣ омадааст, ки вай дар давраи фаъолиятҳои соҳибкориаш то соли 2007-ум якҷоя бо хонумаш ба арзиши 190 то 250 миллион доллар дороӣ доштаанд. Дороии онҳо то соли 2011-ум дар ҳамон сатҳ боқӣ модааст. Дар соли 2010-ум даромади зану шавҳар 21,7 миллион долларро ташкил додааст ва онҳо аз ин маблағ 3 миллион доллар андоз пардохт карданд. Ромнӣ дар бонкҳои Шветсария, Бермуда ва ҷазираҳои Кайман ҳисоби бонкӣ дорад.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати интихоб, Ромнӣ аз сарватмандтарин руасои ҷумҳури Амрико хоҳад буд, ки то ҳол ба ин мақом расидаанд. Мит Ромнӣ дар Мичиган ба воя расидааст, дар аёлате, ки падараш Ҷорҷ Ромнӣ 3 давра волии вилоят интихоб шудааст. Мит соли 1969-ум бо Анна Девис-ҳамсабақи донишгоҳиаш издивоҷ карда ва аз ин издивоҷ ҳоло 5 писар доранду 16 набера.

Мит Ромнӣ дар канори тарафдоронаш

Мит Ромнӣ дар канори тарафдоронаш

Мит Ромнӣ насли панҷуми Мормонҳои Амрико ба шумор меравад, ҷарёни мазҳабие, ки дар қарни 19-ум аз масеҳият ба вуҷуд омадааст. Баъзе аз масеҳиён ин ҷараёнро қабул надоранд ва мегӯянд, мормонизм бо масеҳият иртиботе надорад. Барои ҳамин, имкон дорад, дар интихоботи моҳи ноябр ин падида баъзе раъйдиҳандагонро ба андеша водор созад. Бо вуҷуди ин, вақте Ромнӣ номзадии Пол Раянро чун муовини худ эълон кард, дар миёни аъзои муҳофизакори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дилгармӣ ба вуҷуд омад, дилгармие, ки ба ақидаи коршиносон вазъро дар маҷмӯъ наметавонад тағйир диҳад.

Барномаи иқтисодии Мит Ромнӣ аз 59 бахш иборат аст ва ӯ дар ин барнома қавл додааст, андоз аз дороиҳои шахсиро камтар мекунад ва бо Чин мавзеъгирии шадидтареро пеш хоҳад гирифт. Дар як назархоҳие, ки дар ин рӯзҳо рӯзномаи “Washington Post” якҷоя бо ABC News анҷом додаанд, 47 дарсад ба барномаҳои иқтисодии Ромнӣ бартарӣ додаанд, дар ҳоле ки 46 дарсад аз барномаҳои Обама ҳимоят кардаанд. 50 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, Ромнӣ метавонад масъалаҳои иқтисодиро беҳтар ҳал кунад. Обама дар ин масъала 43 дарсад раъй гирифтааст.

Аммо ба суоле дар ин бора, ки кадоме аз номзадҳо метавонанд бо мушкилиҳои иқтисодӣ мубориза кунанд, назардиҳандагон ҳам ба Барак Обама ва ҳам ба Мит Ромнӣ изҳори нобоварӣ кардаанд. Масалан, 58 дарсад бар зидди Обама ва 52 дарсад бар зидди Ромнӣ назар додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG