Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон Римшаро ноболиғ бароварданд


Ташхиси расмии тиббӣ духтараки масеҳиеро, ки дар Покистон ба таҳқири “Қуръон” айбдор мешавад, ноболиғ шинохт. Пулис ин духтарро рӯзи 16 август дар Исломобод вақте дастгир кард, ки издиҳоми хашмгин ӯро ба сӯзондани ояҳои “Қуръон” айбдор мекард. Вакили ӯ Тоҳир Навид Чаудрӣ гуфт, табибон синни духтарро 14-сола бароварда, ба хулосае расидаанд, ки рафтораш ҷавобгӯи ин синн нест. Ин хулоса қазияи Римшаро ба додгоҳи ноболиғон месупорад, ки ҳукмаш сабуктар аст. Барои таҳқири дин дар Покистон ҷазои қатл пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG