Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти “Якмоҳаи ҳавои соф” дар вилояти Суғд нишон додааст, ки 70 дарсади газҳои зарароварро ба ҳаво васоили нақлиёт хориҷ мекунанд.

Равшан Саидов, сардори шӯъбаи экологӣ дар назди Раёсати умури дохилии Суғд ба "Озодӣ" гуфт, дар ин амалиёт 300 нақлиёт мавриди санҷиш қарор гирифта, сӣ ронандае, ки мошинашон беш аз меъёр газҳои зарароварро хориҷ мекарданд, ҷаримабандӣ шуданд.

Шумори нақлиёти сабукрав дар Тоҷикистон тайи 6-7 соли охир ба таври бесобиқа афзудааст. Бар пояи маълумоти расмӣ, агар соли 2006-ум теъдоди нақлиёт дар вилояти Суғд беш аз 90 ҳазор буд, ин рақам дар соли ҷорӣ ба бештар аз 145 ҳазор расидааст. Зимнан, ҳар сол танҳо ба минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор автомобил ворид мешавад, ки аксари онҳо тавлиди 10 солу 15 соли пеш ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулони бахши ҳавошиносӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҳоли ҳозир тақрибан 70 дарсади газҳои зарароварро ба ҳаво нақлиёт ва 10 дарсадро корхонаҳои саноатӣ хориҷ мекардаанд. 10-15 дарсади дигар ба дӯши аҳолӣ буда, ҳудуди 5 дарсад газҳои зараровар ба саломатии инсону табиатро шамол аз кишварҳои ҳамсоя меовардааст.

Аскар Абдувалиев, раҳбари бахши ҳавошиносӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, сабаби асосии зиёд олуда шудани ҳаворо ба адами меъёрҳои муосир дар Тоҷикистон пайванд дод. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ягона давлатест, ки ҳанӯз меъёрҳои аврупоии ихроҷи газ барои нақлиётро қабул накардааст. Русия ва Қазоқистон меъёри дараҷаи 4, кишварҳои Осиёи Миёна дараҷаи 3-ро қабул кардаанд, мо ҳанӯз бо стандарти давраи Шӯравӣ кор мекунем.”

Раҳбари бахши ҳавошиносӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир меъёри газҳои зарарнок дар ҳавои вилояти Суғд то ҳадди хатарнок ба саломатии инсон боло нарафтааст ва сари вақт аст, дар ин маврид чораҳо андешида шаванд. Вай афзуд, аксари кулли нақлиёте, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, софкори дуд ё филтри ба истилоҳ “катализатор” надоранд, зеро нархи он гарон буда, воридкунандагон ҷиҳати паст бурдани арзиши моли худ, онро ба арзон, вале бесифат иваз мекунанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, аксари нақлиёти воридотӣ ба Тоҷикистон кӯҳна, тавлиди аз миёнаҳо то охири солҳои навади асри гузашта буда, табиист, бештари онҳо ҳам ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии ихроҷи газ ҷавобгӯ нестанд. Тоҷикистон ба партовгоҳи автомобилҳои кӯҳнаи кишварҳои Олмону Ҷопону Дубай мубаддал шудааст. Афзун бар ин, пастии сифати сӯзишворӣ низ боис ба беш аз меъёр ихроҷ шудани газҳои зараровар ба ҳаво мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG