Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таисия Осипова ба 8 соли зиндон маҳкум шуд


Осипова дар додгоҳ
Осипова дар додгоҳ
Додгоҳи шаҳри Смоленски Русия як фаъоли мухолифинро бо ҷурми маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Вакилони мудофеъи Таисия Осипова, узви ҷунбиши Русияи дигар мегӯянд, аз ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд. Осипова моҳи ноябри соли 2010 бо иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд, вале вакилонаш исрор доранд, ки парвандаи ӯ сохта буда, ба хотири фишор ба шавҳараш Сергей Фомченков, аз аъзои аршади Русияи дигар аст. Осипова моҳи декабр ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, вале додгоҳи вилояти Смоленск ин ҳукмро лағв кард. Дар моҳи март раисиҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев аз додситонии кулл таҳқиқи қонунмандии ҳукми 32 тан, аз ҷумла Осиповаро дархост карда буд.
XS
SM
MD
LG