Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозоти омилони "Қуръон"-сӯзӣ дар Багром


Низомиҳои Амрико мегӯянд, 6 сарбоз ва 3 маллоҳи амрикоӣ бо ҷурми даст доштан дар ду ҳодисае, ки дар оғози сол мавҷи хашму ғазаб дар Афғонистонро барангехт, ҷазоҳои маъмурӣ гирифтаанд. Як ҳодиса нашри навори видеоие буд, ки дар он маллоҳон болои аҷсоди толибҳои кушташуда мешошиданд. Мавриди дигар оташ задани ҳудуди 100 китоби “Қуръон” аз китобхонаи боздоштгоҳи Багром дар моҳи феврал буд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин афрод чӣ ҷазо дидаанд, вале муҷозоти маъмурӣ маъмулан пойин бурдани рутбаи низомӣ ё маҳрумият аз маош ва қатъи хидмати низомиро дар бар мегирад. Дар ошӯбҳои алайҳи сӯзондани “Қуръон” дар Афғонистон дастикам 30 кас ҷон бохта, 2 афсари амрикоиро низ куштанд.
XS
SM
MD
LG