Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳи Ҳайфа дар қиболи марги Рейчел Коррӣ


Бино ба ҳукми додгоҳи Ҳайфа, низомии исроилӣ дар марги як фаъоли амрикоӣ дар ҷараёни тазоҳуроти соли 2003 ба тарафдории фаластиниҳо гуноҳ надошт. Рейчел Коррӣ 8 сол пеш зери чархи булдозери артиши Исроил вақте ҳалок шуд, ки мехост артишро аз тахриби манзилҳои фаластиниҳо дар шаҳри Рафоҳи навори Ғаза манъ кунад. Хонаводаи ӯ як низомии исроилиро айбдор мекарданд, ки ин духтари 23-соларо барқасдона ва ғайриқонунӣ куштааст ва алайҳи вазорати дифоъи Исроил ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ имрӯз ҳалокати Корриро як ҳодисаи таассуфовар номида, даъвои хонаводаи ӯро радд кард.
XS
SM
MD
LG