Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митт Ромнӣ имрӯз ба Флорида меравад


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Интизор меравад, Митт Ромнӣ имрӯз – ду рӯз қабл аз нақша – ба Флорида сафар карда, барои бардоштани сояи тӯфони Исҳоқ аз рӯи анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ талош варзад. Ин ҳамоиш дар шаҳри Тампа бояд дар рӯзи авҷаш, ки панҷшанбест, Ромниро номзади ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бипазирад. Ромнӣ дар раъйгирии рӯзи 6 ноябр бо раисиҷумҳури демократ Барак Обама вориди рақобат хоҳад шуд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба маҳзи тӯфони Исҳоқ маҷбур шуд, рӯзи аввали анҷуманашро, ки бояд 27 август оғоз меёфт, лағв кунад.
XS
SM
MD
LG