Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситони Шӯроободро дастгир кардаанд


Додситони ноҳияи Шӯрообод бо иттиҳоми ришваҷӯӣ боздошт шудааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси зидди фасод ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, парвандаи Ғиёсиддин Умаров дар дасти таҳқиқи маъмурони ин Ожонс қарор дорад. Мақомот дар бораи ин қазия ҷузъиёт намедиҳанд, вале ба гуфтаи як манбаъ, Умаров гӯё аз як корафтода 3 000 доллар талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG