Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи ҷавонон дар Душанбе бо марги як нафар поён ёфт


Муноқишаи як гурӯҳ ҷавонон дар шаби 26-уми август дар назди тарабхонаи "Бешаи палангон"-и пойтахт бо марги як ҷавони бистсола поён ёфтааст. Дар ин бора торнамои вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода менависад, ҳоло Шералӣ Муродов, Камолиддини Субҳонқул ва Шарифҷони Абдулазиз ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. Ба навиштаи манбаъ, ин гурӯҳи ҷавонон шаби 26-уми август дар назди тарабхонаи "Бешаи палангон" бо Сорбон Музаффарбеков ва ҳамроҳонаш муноқиша мекунанд, ки дар натиҷа Музаффарбеков ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG