Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти фармондеҳони ситоди кишварҳои узви СПАД


Нишасти фармондеҳони ситоди кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) дар Маскав оғоз ёфтааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 28-уми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст фармондеҳи ситоди вазорати дифоъ Рамил Нодиров ширкат дорад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ин нишаст баррасӣ хоҳад шуд, такмили сохтори дифоии СПАД буда, аз ҷумла натиҷаи бозрасии ҷузъу томҳои зудамал ва нерӯҳои посдори кишварҳои узви ин созмон баррасӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар охирҳои моҳи июн Узбакистон - узви СПАД бо ин эътироз, ки “созмон дар бисёр масъалаҳо ба гуфтаҳои Узбакистон гӯш намедиҳад” аз ОДКБ хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG