Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон - 2012: Чор даста – дар нимфинал


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозии охирини чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 миёни тимҳои «Зарафшон»-и Панҷакент ва «Гвардия»-и Душанбе дастаи чаҳоруми ширкаткунандаи даври ниманиҳоиро муайян кард.

Ин бозӣ, ки рӯзи 27-уми август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мизбон - “Зарафшон” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Ба ду голи мизбонон Қурбоналӣ Собиров ва Сабур Мулимов бозигари меҳмонон Абдурасул Раҳмонон бо як гол ҷавоб гардонд. Вале аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Гвардия” ба нимфинал баромад. Бозии аввал дар Душанбе бо ғалабаи “Гвардия” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Як голи дар меҳмонӣ задаи душанбегиҳо ба онҳо имкон дод, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 4-ум ва 12-уми сентябр баргузор мешаванд, “Энергетик” бо “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Гвардия” рақобат мекунанд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Истиқлол» - ССКА «Помир» - 0:0
Бозии аввал – 1:0.

«Энергетик» - «Хайр» - 2:1
Голҳо: Сафархон Мирзоев, 6 (1:0). Аппиа Квадво, 11 (1:1). Феликс Бафое, 60 (2:1).
Бозии аввал – 3:2.

«Регар-ТадАЗ» - «Ҳосилот» - 3:0 (натиҷаи техникӣ)
Бозии аввал – 3:2.


«Зарафшон» - «Гвардия» - 2:1
Голҳо: Қурбоналӣ Собиров, Сабур Мулимов – Абдурасул Раҳмонов.
Бозии аввал – 0:1.
XS
SM
MD
LG