Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи ҷустӯҷуи ҷасади 5 нафар дар Фондарё


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҷустӯҷуи панҷ нафареро идома медиҳанд, ки рӯзи 26 август бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар, ба рӯдхона афтида ғарқ шуданд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи душанбе хабар дод, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар ноҳияи Айнӣ ду мошин ба ҳам бархӯрданд, ки яке аз онҳо ба рӯдхонаи Фон афтод. Дар натиҷа ронандаи мошини мазкур бо чаҳор мусофираш, ки се нафари онҳо аъзои як хонавода буданд, ғарқ шуданд. Ду нафари қурбониён зан ва ду нафари дигарашон кӯдак будаанд.
XS
SM
MD
LG