Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ сарбози амрикоиро ҷазо доданд


Артиши Амрико эълом кард, шаш сарбоз ва се туфангдори баҳриро, ки рафторашон хашми мардуми Афғонистонро барангехт, ҷазои маъмурӣ додааст. Аз ҷумла соли гузашта наворе нашр шуд, ки нишон медод се туфангдори баҳрӣ рӯи аҷсоди ҷангҷӯёни Толиб мешошанд. Дар ҳодисаи дигар, ҳамин сарбозон 100 нусхаи китоби Қуръони китобхонаи як боздоштгоҳеро оташ задаанд. Чӣ ҷазо гирифтани ин сарбозонро ошкор накардаанд, аммо мумкин аст, онҳо аз рутба ва ё музди корашон маҳрум шуда бошанд. Баъди ҳодисаи оташ задани нусхаҳои Қуръон дар саросари Афғонистон ошӯб бархост, ки дар натиҷа 30 нафар кушта шуданд ва ду сарбози амрикоиро ҳам баъди он куштанд.
XS
SM
MD
LG