Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду узви Ҳизб-ут-Таҳрир дар Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, як ҳалқаи Ҳизб ут-Таҳрир-ро дар вилояти Ҷалолобод кашф карда ва ду аъзои ин ҳалқаро бо шумули раҳбараш боздошт кардаанд. Ба гуфтаи пулис, дар манзили ин афрод, китоб ва сидиҳои дорои афкори ифротгароии мазҳабӣ кашфу забт шудааст. Алайҳи ин ду нафар бо иттиҳоми “даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” парванда боз кардаанд. Ҳизб-ут-Таҳрир, ки фаъолияташ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст, мехоҳад бо ҷамъи тамоми кишварҳои мусулмоннишин як Хилофати Исломӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG