Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дипломатҳоро ба зиёрати Парчин даъват мекунад


Акси коргоҳи ҳастаии Парчини Эрон аз кайҳон
Акси коргоҳи ҳастаии Парчини Эрон аз кайҳон
Эрон мегӯяд, шояд дипломатҳоеро, ки ҳафтаи равон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони адами тааҳҳуд дар Теҳрон ширкат хоҳанд кард, ба назорати коргоҳҳои ҳастаии мавриди нигаронии нозирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ даъват кунад. Эрон таъкид мекунад, ки коргоҳи Парчин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Теҳрон корхонаи шартномавӣ мебошад ва нигаронии нозирони агентӣ асосе надорад. Расонаҳои эронӣ аз қавли муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Маҳдӣ Охундзода иқтибос овардаанд, ки боздид аз парчин дар ин гуна мулоқот мадди назар нест, вале ҳамчун нишонаи самимияти ҷумҳурии исломӣ чунин зиёрат имконпазир аст. Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони адами тааҳҳуд дар Теҳрон рӯзи ҷумъа хотима меёбад. Се рӯз пеш аз ин ташаббуси Эрон Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дар Вена иброз дошт, ки нозирони ин созмон бояд аз коргоҳи Парчин боздид ба амал оранд.
XS
SM
MD
LG