Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд


Муҳаммадюсуф Имомов бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Имомов дар ин мақом Ҳаёт Одинаевро иваз намуд, ки ба иттилои торнамои раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дувумӣ ҳоло "ба вазифаи дигар гузаштааст". Худи Муҳаммадюсуф Имомов то ин замон раёсати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бар ӯҳда дошт. Бо амри дигари президент Раҳмон раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Нуралӣ Солеҳов аз мақоми худ барканор ва раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъйин гардидааст. Ҷойи ӯро дар мақоми раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Табаров ишғол кардааст.
XS
SM
MD
LG