Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи стритболи Хоруғ натавонистааст, дар сабқати ин навъи варзиш миёни духтарон дар Варзоб ширкат намояд.

Дадомат Гадомамадов, мураббии дастаи стритболбозони шаҳри Хоруғ, ки дар ин сабқат доварӣ мекард, гуфт, вазъи амниятӣ дар маркази Бадахшон сабаб шудааст, то шогирдонаш ҳам аз имкони тамрин маҳрум шаванду ҳам аз сафар ба дараи Варзоб. "Мо чанд бор кӯшиш кардем, дар майдончаи варзишии мактаб тамрин кунем. Вале чун садои тир аз чор тараф баланд шуда, ба кӯҳҳо бармехӯрд, духтарон ба таҳлука меафтоданд. Онҳо “муаллимҷон, моро халос кунед" гуфта ба сӯи ман медавиданд...”,-нақл кард Гадомамадов.

Бо ин вуҷуд, дар сабқати стритбол миёни духтарон намояндагон аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор иштирок карданд. Ин сабқат бо ташаббуси шӯъбаи маориф ва фарҳанги департаменти давлатии Амрико дар яке аз осоишгоҳҳои дараи Варзоб рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август баргузор шуд.

Ребекка Гордан, сармутахассиси лоиҳаҳои шӯъбаи маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии Амрико зимни ифтитоҳи ин сабқат гуфт, "аввал мо мураббиёни тоҷикро ба Амрико барои таҷрибаомӯзӣ фиристодем ва баъд онҳо таҷрибаи андӯхтаи худро дар шаҳри Қайроққум ба дигар ҳамкасбони хеш дарс доданд. Пас аз он мекӯшем, лигаи духтарони стритболбозро таъсис диҳем."

Нимаи рӯзи аввали сабқат умдатан бо пирӯзии дастаи стритболи духтарони ноҳияи Рӯдакӣ анҷом ёфт. Аммо пас аз пой ҷароҳат бардоштани Насрина Қурбоналиева, яке аз бозигарони фаъоли ин даста, онҳо ба шикат рӯбарӯ шуданд ва сабқатро дар ихтиёри дастаҳои Ваҳдату Ҳисор гузоштанд.
Дар рӯзи дувуми сабқат дастаи ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар даври ниҳоӣ ширкат карданд. Баъд аз рақобатҳои шадид дастаи стритболбозони Ҳисор бо ҳисоби 11 бар 6 ғолиб омад.

Муҳайё Муҳаммадҷонова, устоди варзиши баскетбол ва мураббии дастаи стритболи ноҳияи Ҳисор аз дастоварди шогирдонаш хеле хушҳол буд ва аз ӯ пурсидем, чӣ гуна ба ӯ даст медиҳад, ки духтарони тоҷикро ба варзиш ҷалб кунад: "Духтарони маҳаллиро ба варзиш ҷалб кардан хеле душвор аст. Падару модарон намегузоранд, ки духтарон ба варзиш машғул шаванд. Бо вуҷуди ин, чун худам зан ҳастам, модарам, мекӯшам, ки духатаронро бештар ба варзиш ҷалб кунам, чунки ин ба саломатии онҳо фоида дорад. Бисёр мехоҳам, онҳо пас аз хатми мактаб ҳам варзишро тарк накунанд." Хонум Муҳайё афзуд, чун духтарон варзишро пас аз хатми мактаб таҳти фишори волидайн ва ё ҳамсари худ тарк мекунанд, вай маҷбур мешавад аз ҳисоби духтарони хурдсол дубора варзишгаронро тарбия кунад, ки ин хеле душвор меафтад. Аммо мушкили ҷалби духтарон ба варзиш танҳо хоси ноҳияи Ҳисор набудааст.

Любов Ҳакимова, роҳбари клуби варзишии "Вулкан" ва мураббии дастаи стритболбозони шаҳри Ваҳдат, низ дар сӯҳбат бо мо дар ин маврид гуфт: "Бархе волидайн то 14-15 солагӣ иҷозаи машқу тамринро ба духтаронашон медиҳанд ва баъдан монеи идомаи варзиши онҳо мешаванд. Бинобар ин, мо дар бисёр мусобиқаҳо волидайнро ба толори варзишӣ даъват мекунем, то бо чашми хеш бубинанд, ки фарзандашон танҳо ба варзиш машғул мешавад ва вақти худро беҳуда сарф намекунанд."

Аммо бархе дигар аз донандагони варзиш, ки дар ин мусобиқа ширкат доштанд, мегӯянд, дар ду минтақаи Тоҷикистон - Суғду Бадахшон занҳо бештар ба варзиш машғуланд ва дар сабқатҳо фаъолона ширкат мекунанд. Стритбол намуди хурдкардашудаи баскетбол аст, ки солҳои 50-уми асри гузашта дар ноҳияҳои нодори Амрико пайдо шудааст. Қоидаҳои ин намуди варзиш ба баскетбол шабоҳат дорад, вале бо миқдори бозигаронаш аз баскетбол фарқ мекунад. Дар як тими стритбол се ва ё чор нафар метавонанд ширкат кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG