Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳ ба ҷони хабарнигори “Фараж” таҳдид кардааст


Раиси додгоҳи ноҳияи Фархор рӯзноманигори ҳафтаномаи "Фараж"-ро таҳдид ба марг кардааст.
Хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи душанбеи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баҳси манзил, ки миёни оилаи онҳо ва ҳамсояашон бархостааст, модарашро ба додгоҳ даъват карда, ба ӯ таҳдид мекунанд, аммо вақте хабарнигор ба ҳимоят аз модараш садо баланд намуд, раиси додгоҳ Б. Ҳакимов бо дастонаш даҳони ӯро баста, таҳдид кардааст, ки ҳамин шаб ӯро муҷозот хоҳад кард.

Вай афзуд, диктофонашро аз дасташ гирифта, ҷузвдон (сумка)-ро кормандони додгоҳ дарондаанд. Хабарнигор мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ояндаи худ нигарон аст. Вай афзуд, қаблан ҳам аз мақомот барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мушкилоти ноҳия ҳушдор шунида буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир ба милисаи ноҳия аз ин кирдори додрас шикоят кардааст.

Ин танҳо ҳодисае нест, ки мақомоти давлатӣ дар музофоти Тоҷикистон алайҳи хабарнигорон бо забони зӯрӣ сӯҳбат мекунанд. Дар гузашта Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре дар Ашт равонаи зиндон шуд, аммо бо фишори ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дигарбора озод шуд.
XS
SM
MD
LG