Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон ба нахуствазир 3 ҳафта мӯҳлат дод


Нахуствазири Покистон Раҷа Парвиз Ашраф.
Нахуствазири Покистон Раҷа Парвиз Ашраф.

Додгоҳ ба сарвазири Покистон 3 ҳафта мӯҳлат дод, то барои бознигарии парвандаи фасоди молии президент иқдом кунад.

Панҷ узви Додгоҳи Олӣ таҳти сарварии Осиф Саидхон Хуса тақозо намудаанд, ки то 18-уми сентябр нахуствазир Раҷа Парвиз Ашраф аз муфаттишони Швейтсария тафтиши дубораи қазияҳои фасодро дархост кунад.

Президенти Зардорӣ бо он муттаҳам мешавад, ки дар аҳди раҳбарии ҳамсараш Беназир Бҳутто дар нимаи солҳои навади қарни гузашта, миллионҳо доллар ришва гирифта, онро дар бонкҳои Швейтсария ҷо додааст. Осиф Алӣ Зардорӣ он замон раҳбарии вазорати рушди иқтисод ва сармоягузориро дар ҳукумати федеролии Покистон ба ӯҳда дошт.

Раҷа Парвиз Ашраф замоне сарвазири Покистон интихоб шуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ Юсуф Ризо Гелонӣ бо айбномаи саркашӣ аз дархости тафтиши парвандаи фасод дар Швейстария, аз мансаби сарвазири Покистон маҳрум шуд.

Ду сол инҷониб ҳукумат ба тафтиши дубораи ин қазия иҷозат намедиҳад ва исрор меварзад, ки Зардорӣ ба ҳайси раҳбари давлат аз масуният ё худ иммунитет баҳраманд аст. Осиф Алӣ Зардорӣ аз моҳи августи соли 2008 ба ин сӯ дар симмати раиси ҷумҳури Покистон ифои вазифа менамояд.
XS
SM
MD
LG