Пайвандҳои дастрасӣ

Снаряд кӯдаки 10-соларо ба ҳалокат расонд


Тамрингоҳи Мумираки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон

Тамрингоҳи Мумираки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон

Рӯзи душанбе мақомоти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки бар асари таркиши снаряд ё худ тири тӯпхона дар наздикиҳои тамрингоҳи Мумираки марбут ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст, як навраси даҳсола ба ҳалокат расида, ду каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мансабдорони тоҷик мегӯянд, ҳодиса рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайвастааст ва тибқи гузоришҳо кӯдакон ҳангоми кумак дар ҷамъоварии гандум снарядро пайдо кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон снаряд эҳтимол аз пойгоҳи Русия будааст. Низомиёни Русия гузоришҳои расонаҳои Тоҷикистонро такзиб намуда, таъкид мекунанд, ки снаряд бо низомиёни Русия иртиботе надорад. Мақомоти Тоҷикистон тафтиши қазияро оғоз намудаанд.
XS
SM
MD
LG