Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали нави Додгоҳи Олӣ ба сарвазири Покистон


Роҷа Парвиз Ашраф дар Додгоҳи Олии Покистон
Роҷа Парвиз Ашраф дар Додгоҳи Олии Покистон
Додгоҳи Олии Покистон ба сарвазири ин кишвар Роҷа Парвиз Ашраф се ҳафтаи дигар додааст, то номбурда барои бознигарии парвандаи ҷиноӣ дар иртибот бо аъмоли президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ иқдом кунад. Панҷ узви Додгоҳи Олӣ таҳти сарварии Осиф Саид Хоса тақозо намудаанд, ки то 18-уми сентябр Ашраф аз муфаттишони Швейтсария тафтиши дубораи қазияҳои фасодро дархост кунад. Президенти Зардорӣ бо он муттаҳам мешавад, ки миллионҳо доллар ришва гирифта, онро дар бонкҳои Швейтсария ҷо додааст. Ашраф замоне сарвазири Покистон интихоб шуд, ки моҳи июн Юсуф Ризо Гилонӣ бо айбномаи саркашӣ аз дархости тафтиши парвандаи фасод дар Швейтсария аз мансаби сарвазири Покистон маҳрум шуд. Ду сол инҷониб ҳукумат ба тафтиши дубораи ин қазия иҷозат намедиҳад ва исрор меварзад, ки Зардорӣ ба ҳайси раҳбари давлат аз масуният ё худ иммунитет баҳраманд аст.
XS
SM
MD
LG