Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархбол ва куштори дастаҷамъӣ дар Сурия


Чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Сурия

Чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Сурия

Рӯзи душанбе як чархболи низомии Сурия суқут намуд. Зоҳиран чархбол аснои бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо ошӯбгарон дар шаҳри Димашқ сарнагун шудааст. Телевизиони давлатии Сурия тасдиқ намуд, ки чархбол суқут кардааст, вале тафсилоти бештар надод. Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки аз мухолифини ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад, мегӯяд, ки чархбол ҳангоми бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо мухолифин дар минтақаи Ҷобаи канори Димашқ сарнагун шуд. Бар илова мухолифин ҳукумати Сурияро бо куштори дастаҷамъӣ дар минтақаи Дарайаи канори Димашқ мутатҳам мекунанд. Ба қавли мухолифин се рӯз пеш нерӯҳои ҳукуматӣ Дарайаро таҳти тасарруфи худ дароварда, дар ин байн аз 300 то 600 фарди осоиштаро ба ҳалокат расондаанд. Манбаъҳои мустақил дар ин бора чизе нагуфтаанд, зеро ҳукумат рӯи матбуоти ғайридавлатӣ маҳдудият ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG