Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои ҷавобии 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми август баргузор шуданд, се дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоиро муайян карданд.

Бозиҳои ҷавобии 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми август баргузор шуданд, се дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоиро муайян карданд.

Дастаи "Энергетик"-и Душанбе дар варзишгоҳи "Авиатор"-и пойтахти кишвар бар тими "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Сафархон Мирзоев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 6-ум ҳисобро боз кард. Аппиа Квадво, легионери “Хайр”, дар дақиқаи 11-ум ҳисобро баробар намуд. Феликс Бафое, легионери “Энергетик”, дар дақиқаи 60-ум голи дувуми мизбононро ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, дастаи “Энергетик”, ки дар бозии аввал низ дар меҳмонӣ бар тими “Хайр” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, ба нимфинал баромад.

Бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Азбаски дар бозии аввал “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф гашт.

Вале бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Ҳосилот”-и Фархор баргузор нашуд. Ба асоси регламент ё дастури мусобиқа дастаи меҳмон - “Ҳосилот”, ки ба бозии ҷавобӣ ҳозир нашуд, бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва ба маблағи 5 000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 поён ёфта буд. Футболбозони шаҳри Турсунзода муборизаро барои аз даст надодани Ҷоми Тоҷикистон идома хоҳанд дод.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 4-ум ва 12-уми сентябр баргузор мешаванд, “Энергетик” бо “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бо ғолиби ҷуфти “Гвардия” (Душанбе) - “Зарафшон” (Панҷакент) рақобат мекунанд. Дар воқеъ, бози ҷавобии “Зарафшон” ва “Гвардия” имрӯз, 27-уми август, соати 16:30 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент шурӯъ мешавад. Бозии аввал дар Душанбе бо пирӯзии “Гвардия” бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG