Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи сӯхтор дар полоишгоҳи азими Венесуела


Оташсӯзӣ дар як полоишгоҳи азими нафтии Венесуэла идома дорад, ки рӯзи шанбе бар асари таркиш дар он 41 тан кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Полоишгоҳи Амуа дар аёлати шимолии Фалкон дар Венесуэла яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ихроҷи газ сабаби инфиҷор ва оташсӯзӣ дар полоишгоҳ шудааст ва 200 хонаи атроф ҳам осеб дидаанд. Рафаэл Рамирез, вазири маъодини Венесуэла гуфт, полоишгоҳ зиён надидааст ва мумкин аст, то ду рӯзи дигар корро аз сар бигирад. Ба гуфтаи вай, кишвараш аз сӯзишворӣ ва нафт танқисӣ нахоҳад кашид, зеро захираҳои кофӣ барои таъминоти худ дорад. Кумитаи махсусе барои таҳқиқи таркиш дар полоишгоҳ таъсис додаанд.
XS
SM
MD
LG