Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи вазъи фавқулода дар 4 аёлати Амрико


Бо наздиктар омадани тӯфони мавсум ба Исҳоқ, чаҳор аёлати соҳилии Амрико дар қаламравҳои худ вазъи фавқуллода эълом кардаанд. Қарор дар ин заминаро рӯзи якшанбе губернаторони иёлоти Луизиана, Миссисипи, Алабама содир карданд, дар аёлати Флорида, ки шоҳиди борону бодҳои қавӣ шуд, як рӯз пештар вазъи фавқуллода эълом карданд. Бар асари тӯфони қавии Исҳоқ парвози садҳо ҳавопайморо дар Флорида лағв карданд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз фалокат баъзе кори баъзе аз манораҳои истихроҷи газу нафтро қатъ кардаанд. Тӯфони Исҳоқ қабл аз расидан ба Амрико бо бедодгарӣ даро Ҳаитӣ 6 нафарро кушт ва дар Куба селу обхезӣ овард.
XS
SM
MD
LG