Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба зудӣ ба Ҳинд сафар мекунад


Бино ба гузоришҳо, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба зудӣ ба Ҳинд Сафар кунад. Расонаҳои ҳиндӣ навиштаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 сентябр вориди Деҳлӣ шуда ва бо мақомоти Ҳиндустон дидору мулоқот мекунад. Моҳи июли соли равон вазири умури хориҷии Ҳинд аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон даъват карда буд, ки ба кишвараш сафари расмӣ анҷом бидиҳад. Агарчӣ мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Ҳинд, зиёд нест, аммо ин кишвар барои тармими фурудгоҳи Айнӣ дар наздикии шаҳри душанбе то кунун 70 миллион доллар харҷ кардааст. Бар изофаи ин Ҳинд дар тармими нерӯгоҳи Варзоб-1 кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG