Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи як ҳалқаи террористӣ дар Арабистони Саудӣ


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, як ҳалқаи террористиро ошкор ва ҳашт нафарро бо иттиҳоми узвият дар он боздошт кардаанд. Ба гуфтаи хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, ду шаҳрванди ин кишвар ва 6 яманӣ мехостаанд, ба маъмурони пулис ва ғайринизомиён дар шаҳри Риёз ҳамла кунанд. Вазорати умури дохилии ин кишвар гуфтааст, ки маводи лозим барои абзори таркандаро дар наздикии яке аз масҷидҳои шаҳри Риёз пайдо кардааст. Дар баёнияи вазорат омадааст, ин гурӯҳ дар шаҳри Ҷидда паноҳ бурда ва андешаҳои такфириро тарғиб мекарданд, ки маъмулан ишораи онҳо ба “Ал-Қоида” ва ё гурӯҳҳои террористист.
XS
SM
MD
LG