Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпас фиристодани 100 тарафдори фаластиниён


Мақомоти Исроил ва Ӯрдун монеъи вуруди ҳудуди 100 нафар аз тарафдорони фаъоли фаластиниён ба сарзаминҳои ишғолӣ дар Канораи Ғарб шудаанд. Оливиа Земор, баргузоркунандаи маъракаи “Ба Фаластин хуш омадед” гуфт, як автобуси онҳоро мақомоти Ӯрдун иҷоза додаанд то ба гузаргоҳи марзӣ дар Канораи Ғарб биравад, аммо маъмурони Исроил онҳоро пас гардондаанд. Ба гуфтаи Оливиа Земор, бо дархости Исроил мақомоти Ӯрдун монеъи ҳаракати автобуси дуввум ба он минтақа шудаанд. Ҳадаф аз ин маърака намоиш додани назорати Исроил бар гузаргоҳҳои ба сарзаминҳои ишғолии фаластиниён ва ҳамчунин тақсими як тонна васоили мактабӣ дар миёни кӯдакони фаластинӣ будааст. Исроил ин гурӯҳро, “иғвогарон ва мушкилофарон” номидааст.
XS
SM
MD
LG