Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: Сурия "тавтиаи хориҷӣ"-ро шикаст хоҳад дод


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад гуфт, Сурия “тавтиаии хориҷӣ алайҳи кишвар”-ро шикаст хоҳад дод. Асад дар мулоқот бо раҳбари куммиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон Аловуддин Буруҷирдӣ гуфт, “ончӣ ки мегузарад, нафақат Сурия, балки тамоми минтақаро ба ҳадаф дорад.” Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мухолифин, аз шаҳри Дориё дар наздикии Димишқ даҳҳо ҷасади афроди кушташударо пайдо кардаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин шаҳр баъди ҳамлаи артиш беш аз 200 ҷасад ёфт шудааст.
XS
SM
MD
LG