Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви "Pussy Riot" Русияро тарк карданд


Гурӯҳи "Pussy Riot" мегӯяд, ду узваш, ки таҳти таъқиби пулиси Русия қарор доранд, кишварро тарк кардаанд. Ин гурӯҳ имрӯз дар Twitter навишт, ин ду узваш “ба ҷалби феминистҳои хориҷӣ ба эътирозҳои нав машғуланд”, вале дастикам 12 узви дигари гурӯҳ дар Русия боқӣ мемонанд. Пулис қаблан гуфт, аъзои дигари ин гурӯҳи мӯътаризро ҷустуҷӯ мекунад. 3 овозхони “Pussy Riot” бо ҷурми “авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ” 2-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Ин гурӯҳ дар моҳи феврал ба нишони эътироз ба бозгашти Владимир Путин ба раҳбарии Русия дар калисое дар маркази Маскав тарона иҷро кард, ки иллати таъқиби онҳо аз сӯи мақомот шуд.
XS
SM
MD
LG