Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби Асад дар мазҳари омм пайдо шуд


Ноиби раисиҷумҳури Сурия Форуқ Шаръа барои бори аввал аз миёнаҳои моҳи июл дар мазҳари омм зоҳир шуда, шоеъот дар бораи тарки режими Башор Асад кардану аз кишвар фирор карданашро аз байн бурд. Хабарнигорон Шаръаро вақте диданд, ки аз мошин берун омада, ба дафтараш барои мулоқот бо раҳбари куммиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон Аловуддин Буруҷирдӣ мерафт. Қаблан шоеъоте нашр шуд, ки ноиби Асад гӯё ба Урдун фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG