Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либерман: "Эрон барои сохтани 5 бомб мавод дорад"


Сенатори амрикоӣ Ҷозеф Либерман
Сенатори амрикоӣ Ҷозеф Либерман

Сенатори амрикоӣ Ҷозеф Либерман рӯзи якшанбе гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон барои сохтани 5 бомб мавод дорад.

Сенатори амрикоӣ Ҷозеф Либерман имрӯз, 26-уми август, дар ҷараёни боздидаш аз дафтари Радиои Озодӣ дар Прага гуфт, далоили “рӯшан”-и бадастовардаи ҳам Амрико ва ҳам идороти СММ ҳокист, ки Эрон сохтани силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад ва агар ба ин ноил шавад, ба таҳдиде барои боқии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт: "Агар ин рух диҳад, ба соири минтақа ва соири дунё таҳдид хоҳад кард."

Либерман дар мусоҳиба бо Радиои Фардо – бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, ин таҳдид алайҳи танҳо Амрико, ё Исроил, ё дар маҷмӯъ, фақат ба зидди Ғарб нест.

Ҷозеф Либерман гуфт, як хулосаи умумӣ ин аст, ки Эрон алакай маводи сӯхти ғанишуда барои сохтани 5 силоҳи хурди ҳастаиро дар ихтиёр дорад. Ӯ афзуд, нокомии таҳримот дар мавриди иҷбори Теҳрон ба қатъи фаъолиятҳои ҳастаияш метавонад кишварҳое, чун Амрикоро ба баррасии иқдомоти шадидтар таҳрик диҳад.

Сенатори амрикоӣ гуфт: “Мо даст рӯи даст хоҳем нишаст ва ба Эрон имкон хоҳем дод, ки ба қудрати ҳастаӣ табдил ёфта, минтақаро бесубот гардонад ва ба сабқати силоҳои ҳастаӣ дар Ховари Миёна оғоз гузорад? Ё мо маҷбур хоҳем шуд, бархе иқдомҳои низомиро ба хотири таъвиқ ё тахриби ин барномаҳо рӯи даст бигирем?”

Либерман гуфт, агар баҳси ҳастаӣ бо Эрон дар ниҳоят ба иқдоми низомӣ аз хориҷ мунҷар шавад, ин танҳо ба айби худи Теҳрон хоҳад шуд, ки ба таъбири ӯ, “интихоби дигареро барои мо боқӣ намегузорад.” Вале сенатори амрикоӣ боз ҳам изҳори умед кард, ки раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ як рафтори дурустеро интихоб хоҳанд кард ва дар ин баҳси давомдор оқибати кор ба иқдоми низомӣ нахоҳад кашид.

Ғарб Эронро ба талоши сохтани бомби ҳастаӣ айбдор мекунад ва СММ 4 дафъа бо талаби қатъи ғанисозии уран алайҳи ин кишвар таҳримот ҷорӣ кардааст. Вале Теҳрон иттиҳомоти қудратҳои ғарбиро радд карда, мегӯяд, танҳо ҳадафи барномаи ҳастаияш нерӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG