Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори ҳалокшудагон бар асари таркиши сангин дар бузургтарин корхонаи тасфияи нафт дар шимолуғарби Венесуэла ба 39 нафар расид. Раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес ба ёди қурбониён 3 рӯзи мотам эълон карда, ноиби ӯ Элиас Ҷава ба маҳалли ин фалокат – шаҳри Амуай – рафтааст. Ҷава ҳалокати 39 нафар, бо шумули 19 сарбози Горди миллиро таъйид карда гуфт, тақрибан 90 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Корхонаи нафти Амуай ҳаррӯз 645 000 бушка маводи сӯхт тавлид мекард ва яке аз бузургтарин корхонаҳои нафти дунё маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG