Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати як ҳизби Маҷористон алайҳи лӯлиҳо


Габор Вона

Габор Вона

Як ҳизби тундрави ростгарои Маҷористон алайҳи ҳар навъ таҳаммул нисбат ба ҷиноёту муфтхӯрии лӯлиён шиор додааст. Раҳбари ҳизби Ҷоббик Габор Вона дирӯз дар баробари садҳо тарафдораш дар Будапешт гуфт, ҳар намояндаи ин ақалият, ки розӣ нест, бояд тарки Маҷористон кунад. Давлат ин ҳамоишро маҳкум кард. Лӯлиён аз 5 то 7 дарсад аз 10 миллион ҷамъияти ин кишварро ташкил дода, аксар дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Буҳрони давомдор ва ду карат афзудани бекорӣ мояи бурузи танишҳо байни лӯлиҳо ва боқии аҳолии Маҷористон шудааст.
XS
SM
MD
LG