Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон метавонанд дар Туркия моликият бихаранд


Кобинаи вазирони Туркия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи харидани моликияти ғайриманқул ва ҳатто то 30 гектар заминро эъто кард. Дар қиболи шаҳрвандони тоҷик тамоми маҳдудиятҳои мавҷуда дар мавриди харидуфурӯши молумулк дар Туркия лағв шудааст. Туркия бо изофаи 53 кишвари ҷадид дар маҷмӯъ ба атбоъи 181 кишвар харидории моликият дар ин кишварро иҷозат додааст, вале шаҳрвандони 52 давлат, аз ҷумла Русияву Украинаро аз харидани молу мулк дар соҳили баҳри Сиёҳ манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG