Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни эълони истиқлоли Абхозистону Осетияи ҷанубӣ


Вилоятҳои ҷудошудаи Гурҷистон –Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон – имрӯз солгарди чоруми истиқлолашонро таҷлил карданд. Раиси парлумони Осетияи ҷанубӣ Станислав Кориев аз “иродаи шикастнопазир”-и мардум таъриф карда, вазири хориҷаи Абхозистон Вячеслав Чирикба ҳушдор дод, низоъ бо Гурҷистон ҳанӯз поён наёфтааст, чунки бархе дар Тифлис то ҳол ин ду вилоятро бахши қаламрави Гурҷистон мешуморанд. Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон дар пайи ҷанги 4 сол пеши Русияву Гурҷистон эълони истиқлол карданд, вале то ҳол фақат Маскав ва чанд кишвари дигар онҳоро ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG