Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Либерман: Эрон дар пайи сохтани бомби ҳастаист


Сенатори амрикоӣ Ҷозеф Либерман имрӯз аз дафтари Радиои Озодӣ дар Прага боздид кард. Либерман дар мусоҳиба бо Радиои Фардо – бахши форсии Радиои Озодӣ – гуфт, далоили “рӯшан”-е ҳокист, ки Эрон сохтани силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад ва агар ба ин ноил шавад, таҳдиде ба ҷаҳон хоҳад шуд: “Агар ин рух диҳад, ба соъири минтақа ва соъири дунё таҳдид хоҳад кард.“
Ғарб Эронро ба талоши сохтани бомби ҳастаӣ айбдор мекунад, вале Теҳрон инро радд карда, мегӯяд, танҳо ҳадафи барномаи ҳастаияш даст ёфтан ба нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG