Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти кишварҳои ҳамроҳнашуда дар Теҳрон оғоз ёфт


Солеҳӣ дар расми гушоиши нишасти Теҳрон
Солеҳӣ дар расми гушоиши нишасти Теҳрон
Имрӯз дар Теҳрон нишасти 120 кишвари ҳамроҳнашуда оғоз ёфт. Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар ифтитоҳи ҳамоиш вакилони 120 кишвари узви Ҷунбиши адами тааҳудро ба ташвиқи гуфтугӯи байни тамаддунҳо хонда, онҳоеро ҳушдор дод, ки “сиёсати худбинонаи дахолат”-ро таҷриба мекунанд. Солеҳӣ бо даъват ба тақвияти сулҳ ва маҳви табъиз аз қудрати фазояндаи Шӯрои Амнияти СММ ҳушдор дод ва гуфт, ин ниҳод ба ислоҳот ниёз дорад. Эрон мехоҳад дар ин нишаст тарҳи сулҳи Сурияро пешниҳод кунад. Раҳбари куммиссиюни амнияти миллии Эрон Аловуддин Буруҷирдӣ шоми имрӯз дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мулоқот мекунад.
Дар нишасти Теҳрон, қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG