Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад аз Покистон гандум бихарад


Сомонаи “Казах-Зерно” хабар дод, ки Тоҷикистон мехоҳад аз Покистон 100 000 тонна гандум, 5 000 тонна биринҷ ва 5 000 тонна ҷуворимакка ворид кунад. Бино ба ин манбаъ, ин дар мулоқоти рӯзи 14 августи вазири тиҷорати Покистон Махдум Амин Фаҳим бо раиси Ожонси захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмадов пешниҳод шуда, феълан дар дасти баррасии Исломобод қарор доштааст. Қаблан хабар расида буд, ки Покистон дар мавриди ба Душанбе фурӯхтани 30 000 тонна шакар бо нархи арзонтар ризоият додааст.
Душанбе дар пайи боло рафтани нархи гандуму орд дар Қазоқистон, ки 90 дарсади бозорашро таъмин мекард, ба ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативӣ пардохтааст.
XS
SM
MD
LG