Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Теҳрон ба нишасти 120 кишвар


Имрӯз дар Теҳрон нишасти 120 кишвари ҳамроҳнашуда оғоз ба кор мекунад. Дар ин нишаст то 35 раҳбари кишварҳои узви Ҷунбиши давлатҳои ҳамроҳнашуда ширкат хоҳанд варзид. Ин иттиҳодия аз қудратҳои дар ҳоли рушде, чун Ҳинд, то кишварҳои хурди ҳавзаи Карибро фаро мегирад. Қарор аст, дабири кулли СММ Бан Ги Мун низ алорағми фишорҳои дипломатӣ дар ҳамоиши Теҳрон ширкат кунад. Далели ин фишорҳо изҳороти ахири раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод буд, ки бори дигар Исроилро “варами саратон”-е номид, ки дар Ховари Миёна вуҷуд надошт. Теҳрон мегӯяд, аз ин нишаст, ки то 31 август идома хоҳад ёфт, ба хотири ташвиқи Ҷунбиши кишварҳои ҳамроҳнашуда барои ба чолиш кашидани “султаи Ғарб” истифода хоҳад бурд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG