Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Нил Армстронг - кашшофи Моҳ


Нил Армстронг, нахустин инсоне, ки ба Моҳ қадам гузошт, дар синни 82 даргузашт. Фазонаварди шӯҳратёри амрикоӣ дар авоили моҳ қалбашро ҷарроҳӣ карда буд. Армстронг ҳамчун раҳбари киштии “Apollo 1” 20 июли соли 1969 ба Моҳ пой гузошт ва гуфт: “Ин барои як нафар қадами хурдест, вале як гоми бузург барои башарият.” Армстронг ва шарикаш Эдвин Алдрин ягон 3 соат дар рӯи Моҳ сайругашт карданд. То соли 1972 дар маҷмӯъ 12 фазонаварди амрикоӣ ба Моҳ парвоз карданд.
XS
SM
MD
LG