Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурони пулис як сокини 26-солаи ноҳияи Турсунзодаро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳараш боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки сокини 26 –солаи ин ноҳия Шавкат Иброҳимов, хоҳараш Санавбар Иброҳимоваи 24-соларо барои амалҳои фоҳишагӣ, ба қатл расонидааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, гумонбаршуда Шавкат Иброҳимов шаби 21 ба 22-и августи соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30 хоҳарашро ба заминҳои атрофии деҳаашон бурда, ӯро бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда, куштааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва тафтиш идома дорад.

Куштор дар Тоҷикистон ҳукми сангинро дар пай дорад.Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.

Дар ҳамин ҳол, қонунгузории Тоҷикистон барои заноне, ки машғул ба танфурӯшӣ мешаванд, дар баъзе маворид танҳо муҷозоти маъмурӣ, яъне пардохти ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Ин аст, ки ахиран аз намояндагони порлумони Тоҷикистон даъват шудааст, барои танфурӯшӣ дар Кодекси ҷиноии кишвар ҷавобгарӣ муқаррар кунанд.

Ба иддаои коршиносон, аз хизмати шаҳвонии занон дар Тоҷикистон асосан мардоне истифода мекунанд, ки пулдор ҳастанд ва имкони пардохти маблағро доранд, на мардони камбизоат. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин коршиносон, дар бештари маворид вазъи ногувори иҷтимоӣ ва солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар будани мардҳо низ сабаби ночор ба танфурӯшӣ даст задани занҳо шудааст.

Ҳанӯз чанд соли қабл, мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки тарҳи ба ҷавобгарӣ кашидани танфурӯшонро омода карда ва ба порлумон пешниҳод хоҳанд кард. Аммо то ҳанӯз як чунин тарҳ ба порлумон фиристода нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG