Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон: Раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ зинда аст


Тибқи баъзе гузоришҳо раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ, ки пойгоҳаш дар Покистон аст, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини ИМА ба ҳалокат расидааст. Хешовандони Бадруддин Ҳаққонӣ гуфтаанд, ки ӯ рӯзи сешанбеи гузашта дар вилояти Шимоли Вазиристони Покистон кушта шуд. Вале ҷунбиши таҳрики Толибон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро такзиб намуд. Дар ин бора манбаъҳои НАТО ва ИМА низ чизе нагуфтаанд. Рӯзи шанбе куштори раҳбари Толибон дар вилояти Баҷури Покистон мулло Додулло тасдиқ шуд.
XS
SM
MD
LG