Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия қабрҳои суфиёнро тахриб мекунанд


Рӯзи шанбе дар шаҳри Троблус ифротгароҳои исломӣ бахше аз мақбараи пири тасаввуф шайх аш-Шаъб ад-Даҳманро бо экскаватор тахриб намуданд. Ин дуюмин ҳамлаи ифротгароҳои исломӣ ба мақбараҳои суфиён дар ду рӯзи ахир аст. 24-уми август ифротгароҳо мазори шайх Абдусалом ал-Асмарро дар шаҳри Злитен, воқеъ 160 километрии шарқи пройтахти Либия, вайрон карда буданд. Ифротгароҳои суннитабор мухолифи ситоиши қабрҳои симоҳои шинохтаи дини ислом буда, мегӯянд, мусулмон бояд фақат ба худо ибодат кунад.
XS
SM
MD
LG