Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари минтақавии Толибони Покистон кушта шуд


 Мулло Додулло-раҳбари Толибон дар вилояти Баҷури Покистон

Мулло Додулло-раҳбари Толибон дар вилояти Баҷури Покистон

Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилоф яке аз пешвоёни баландпояи Толибони Покистон кушта шудааст. Сухангӯи нерӯҳои эътилоф майор Мартин Крайтон изҳор намуд, ки рӯзи ҷумъа дар вилояти шарқии Кунар мулло Додулло-раҳбари Толибон дар вилояти Баҷури Покистон ба қатл расид. Вилояти Баҷур бо вилояти Кунари Афғонистон ҳаммарз аст. Рӯзи ҷумъа ду ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилоф ҷой доштааст, ки дар натиҷа 12 ошӯбгар ба ҳалокат расидаанд. Саид Раҳмон-раиси полиси ноҳияи Шигали вилояти Кунар мегӯяд, ҳамла дар ҳамин ноҳия ба вуқӯъ пайваста буд ва аксари ҷангҷӯён аз Покистон омада буданд.
XS
SM
MD
LG