Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии як силоҳбадаст дар Ню-Йорк


Бино ба хабарҳо, пулиси Ню-Йорк марди силоҳбадастеро, ки дар назди даромади Empire State Building ба сӯи 8 нафар тир холӣ кард, ба ҳалокат расондааст. Шоҳидон ва як манбаъ дар пулис гуфтаанд, ки аз тири ин нафар як кас кушта шуд, вале ин хабар расман тасдиқ нашудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ин мард бо камон мусаллаҳ буд. Пулис мегӯяд, ба таҳқиқи ғаризаҳои тирандозии ин мард пардохтааст, вале ҳанӯз аломате нест, ки ин хушунатро ба терроризм нисбат диҳанд.
XS
SM
MD
LG