Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Қирғизистон расман ба истеъфо рафт


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи ҷумъа дар пайи аз эътилофи ҳоким хориҷ шудани аҳзоби Оруномус ва Ота-Макон расман ҳукуматро ба истеъфо фиристод. Ин иқдом ду ҳизби дигари узви эътилоф – ҳизби Республикаи сарвазир Омурбек Бобанов ва ҳизби сотсиал-демократи Отамбоевро аз ҳимояти барои ташкили кобина лозими аксарияти парлумон маҳрум кард. Отамбоев бояд то 3 рӯзи дигар масъулияти ташкили эътилофи ҳокимро ба ягон ҳизб супорад. Ин ҳизб барои ташкили кобина 15 рӯз фурсат хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG