Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори паноҳҷӯёни суриёӣ аз 200 000 гузаштааст


Урдугоҳи паноҳандагони суриёӣ дар Урдун
Урдугоҳи паноҳандагони суриёӣ дар Урдун
Идораи паноҳандагони СММ гуфт, шумори паноҳҷӯёни суриёӣ дар кишварҳои ҳамсоя аз 200 000 гузаштааст. Ин дар ҳолест ки идораи кумакҳои СММ то поёни сол ба 185 000 расидани шумори паноҳҷӯён аз Сурияро пешбинӣ мекард. Сухангӯи идораи паноҳандагон Адриан Эдвардс гуфт, танҳо дар як ҳафтаи гузашта ҳудуди 30 000 нафар аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд.Ба ҳисоби СММ, шумори беҷошудагони дохилӣ бар асари хушунатҳои Сурия дастикам 1,2 миллион нафарро ташкил дода, 2,5 миллион нафар дар ин кишвар ба кумакҳои башарӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG