Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел: Юнон бояд дар минтақаи евро бимонад


Меркел ва Самарас

Меркел ва Самарас

Садри аъзами Олмон гуфт, ки ӯ тарафдори дар минтақаи евро боқӣ мондани Юнони қарззада аст. Ангела Меркел рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо сарвазири Юнон Антонис Самарас дар Берлин гуфт, ба бовари ӯ, Афина барои ҳалли буҳрони қарз тамоми талошашро ба харҷ медиҳад. Самарас аз қудратҳои аврупоӣ хостааст, ки ба давлати ӯ барои анҷоми ислоҳот ва коҳиши масрафот фурсати бештар бидиҳанд. Ин иқдомоти дардовар аз шартҳои идомаи ироаи 240 миллиард доллар кумакҳои байналмилалист. Бидуни ин ёрӣ, Юнон метавонад ба варшикастагӣ дучор шуда, аз минтақаи евро барояд. Самарас рӯзи шанбе бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд низ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG